Набеҳ Беррӣ: Танҳо гузина барои бурунрафт аз буҳрони феълӣ дар Лубнон муколама аст
(last modified 2023-09-13T08:07:34+00:00 )
Сентябр 13, 2023 13:07 Asia/Dushanbe
  • Набеҳ Беррӣ: Танҳо гузина барои бурунрафт аз буҳрони феълӣ дар Лубнон муколама аст

Раиси порлумони Лубнон гуфт: Ҳоло роҳи раҳоӣ аз буҳрони кунунии кишвар ба ҷуз аз музокирот ва гуфтугӯ нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Набеҳ Беррӣ, раиси порлумони Лубнон, пас аз дидор бо Жан-Ив Ле Дриан, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Фаронса дар умури Лубнон, изҳор дошт, ки дидгоҳи муштараки порлумони Лубнон ва Ле Дриан дар ин аст, ки барои баромадан аз буҳрони кунунӣ (интихоби раисиҷумҳури Лубнон) ҳеч роҳе ҷуз колама роҳи дигар нест ва калиди муваффакият дар дасти онҳое аст, ки манфиатҳои Лубнонро мехоҳанд.

Моҳи гузашта Набиҳ Беррӣ аз гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсии Лубнон ба муколама даъват кард, то дар давоми як ҳафта дар мавриди интихоби раисиҷумҳур ба созиш бирасанд.

Тулонӣ шудани ихтилофи раёсатҷумҳурӣ дар Лубнон боиси тезутунд шудани буҳрони иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар шудааст.

Барчасп