ДИИШ Аврупоро боз ҳам таҳдид кард
Гурӯҳи террористии ДИИШ хоҳони иҷрои ҳамалоти бештаре дар саросари Аврупо дар таътилоти соли нави масеҳӣ шуд.
Ба гузориши сойти ал-Олам, гурӯҳи террористии ДИИШ аз аъзои худ хост, то дар таътилоти соли нави масеҳӣ ҳамалотеро алайҳи аҳдофе монанди бозорҳо ва бемористонҳо дар Аврупо иҷро кунанд.
Шабакаи вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ, паёми ин гурӯҳро ба ҳамроҳи тасовири ҷангҷуёни он мунташир кард, ки дар ин тасовир, ҷангҷуёни ДИИШ силоҳу корд дар даст доранд ва канори онҳо бобои барфӣ ва дарахти сарв (арча) қарор дорад.
Дар ин паём омадааст, ДИИШ “оташбозӣ”-и онҳоро ба камарбандҳои инфиҷорӣ ва маводи тарканда табдил хоҳад кард ва ҷашну пойкӯбии онҳоро ба гиря ва оҳу нола.
Ин таҳдидот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки масъулони аврупоӣ дар пайи ҳамлаи ахири гурӯҳҳои террористӣ бо баҳрагирӣ аз як мошиниборкаш ба бозори ҳадяҳои солинавии Берлин, тадобири амниятиро ташдид кардаанд.
Дар он ҳамла 12 нафар кушта шуданд ва ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт.