Октябр 07, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Зиёд Нхола : Режими саҳюнистӣ фаластиниҳоро бо силоҳи Амрико мекушад

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт:Ҷонибдории байналмиллалӣ ба вижа Амрико аз режими саҳюнистӣ ҳамчунон вуҷуд дорад ва миллати Фаластин бо силоҳи Амрико кушта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Зиёд Нхола  ба муносибати сию шашумин солгарди таъсиси ин ҷумбиш дар маросими бошукӯҳе, ки дар минтақаи Алкатиба дар навори Ғазза баргузор шуд, дар суханоне афзуд : Режими ишғолгар бахше аз Амрикову муттаҳидонаш ва шабеҳи онҳо дар фарҳанг, таърих ва ахлоқ маҳсуб мешавад ва кумакҳо ба ин режим ҳам ба ҳамин иллат аст . Зиёд Нхола  афзуд : Режими саҳюнистӣ моро бо силоҳи Амрико мекушад ва Ташкилоти худгардон низ бо тасмими Телвив моро дастгир мекунанд. Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва размандагони он ба сурати муттаҳид ва дар канори соири гуруҳҳои муқовимат барои муқобила бо режими ишғолгар дар майдон ҳузур доранд. Нхола  тасреҳ кард : Кишварҳои арабии созшкор бо ҳақорат дар паи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд ва ба сурати ғамангезе дар муқобили он фурӯ мерезанд. Фақат муборизони муқовимат ҳастанд, ки метавонанд ин авзоъи фоҷеъаборро мутаваққиф кунанд.
 

 

Барчасп