Набарди якпорчаи муқовимат бо саҳюнистҳо: Ҳарос аз размандагони муқовимат
(last modified Sun, 08 Oct 2023 05:50:52 GMT )
Октябр 08, 2023 10:50 Asia/Dushanbe
  • Набарди якпорчаи муқовимат бо саҳюнистҳо: Ҳарос аз размандагони муқовимат
    Набарди якпорчаи муқовимат бо саҳюнистҳо: Ҳарос аз размандагони муқовимат

Ториқ Алсалами сухангуи ҷумбиши ҷиҳоди исломии шанбе шаб гуфт: Шохаҳои низомии тамомии гуруҳҳои муқовимат дар майдони набард бо душмани ишғолгар муттаҳид ва икчорчаҳ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, аз суи дигари Муҳамади Аштия нахуствазири ташкилоти худгардони Фаластин низ эълом кард ки ба дастури Маҳмуд Аббос раиси ин ташкилот тамоми вазоратхонаҳо ҳамаи имконоти худро барои кумакрасонӣ ба сокинони навори Ғаза дар назар гирифтаанд.

Сухнон Алсалми пас аз он руӣ медиҳад ки Абуубайда сухангуи гурдонҳои шаҳид Иззуддин Алқисоми шохаи Низомии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" имрузи шанбе аз тамоми миллати фаластини хост, ки барои озодии сарзаминҳои ишғолӣ амалиёти Туфони алақсоро ҳамроҳӣ ва тарсу кобусро дар дил ишғолгарон бикоранд.

Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос низ имруз бо таъкид бар ин ки набарди кунуни набарди Масҷидулақсо, муқаддасот ва усароаст таъкид кард, ки Туфони алақсо аз Ғаззаи оғоз ва ба Каронаи бохтарӣ ва хориҷ аз онҳо ва дар ҳар нуқта ки миллат ва уммати мо ҳузур дорад хоҳад расид.

Дарпайи амалёни Туфони алақсо теъдодӣ аз саҳюнистҳо дар гуфтугу бо расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд ки ҳатто ҷуръати як лаҳзаи хуруҷ аз паноҳгоҳҳо барои ҳамом рафтанро ҳам надоранд зеро натанҳо аз мушакҳои Ҳамос метарсанд балки аз ҳузури неруҳои муқовимати Фаластин дар шаҳракҳо низ ҳарос доранд.