Октябр 08, 2023 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 15 саҳюнист дар Асқалони ишғолӣ

Манобеи саҳюнистӣ эълом карданд, ба дунболи нуфӯзи неруҳои муқовимат ба Асқалони ишғолӣ дар шимоли Навори Ғазза 15 саҳюнист ба ҳалокат расидаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, зуҳр имрӯз (якшанбе) шуморе аз неруҳои муқовимат ба ҷануби Асқалони ишғолӣ нуфӯз карда ва 15 шаҳракнишинро ба ҳалокат расондаанд.

Катоиб Ал Қисом,  шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, размандагони муқовимат дар чанд шаҳрак дар муҷовирати Навори Ғазза ҳамчунон ҳузур доранд.

Бо вуҷуди гузашти ҳудӯди 30 соат аз вуруди размандагони муқовимат ба шаҳракҳои саҳюнистӣ ва ба асорат даровардани шумори зиёде аз саҳюнистҳо, артиши режими саҳюнистӣ ҳануз натавониста онҳоро ақиб биронад.

 

Барчасп