Афзоиши теъдоди шуҳадои Ғазза
Ба теъдоди шуҳадои фаластинӣ дар пайи идомаи ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба Ғаза афзоиш ёфт.
Размандагони муқовимати Фаластин аз субҳи шанбеи амалиёти ҳамаи ҷониба ва бе назири худ бо ном Туфони алақсоро аз Ғазза ҷануби Фаластин зидди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд, амалиёте ки дар умри 75 солаи ишғолгарони ғосиб назир надошта ва то ин соъати 1000 кушта руӣ дасти саҳюнистҳо боқӣ гузошта аст.
Артиши режими саҳюнистии рузи гузашта бори дигари манотиқи истиқомати дар ғарб ва ҷануби борикаи Ғазаро бомбаборон кард.
Ба гузориши шабакаи Алҷазира Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза эълом кард аз ибтидои набарди Туфони алақсо то ин лаҳзаи 560 фаластинӣ ба шаҳодати расида ва 2900 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.
Бинобари эъломи манбаи фаластинӣ беш аз 100 нафар аз ин шуҳадо аз кудакони фаластинӣ ҳастанд ки дар ин ҳамалоти ваҳшиёна ба шаҳодат расидаанд.
Шабакаи Алҷазира дар ин гузориши афзуд: Аз оғози набарди Туфони алақсо то ин лаҳзаи режими саҳюнистӣ 4 масҷидро дар борикаи Ғазза тахриб кардааст.