Октябр 10, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми боздошти ҷавонони фаластинӣ дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ
    Тадовуми боздошти ҷавонони фаластинӣ дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ

Ҳамзамон бо амалиёти Туфони алақсо низомиёни саҳюнист ба боздошти густардаи фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ руӣ овардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни режими саҳюнистӣ имрузи сешанбе Ромии Алдик ҷавони фаластиниро пас аз юриш ба манзилаш дар шаҳрак Абудис дар шрқи Қудси ишғолӣ боздошт карданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ 6 ҷавони фаластиниро ки дар миёни онҳо ду асири озодшуда ба чашм мехуранд боздошт карданд.

Дар шаҳри Ҷанин низомиёни саҳюнистӣ ду бародарро боздошт карданд дар Байтулаҳим ҳам ҳафт ҷавон боздошт шуданд.

Дафтари расонае давлати Фаластин дар Ғазза эълом кард, тайи соатҳои гузашта режими саҳюнистӣ бидуни ҳушдори қабли муртакиби кушторҳои зиёди шуда ва манзили 15 хониводаи фаластинӣ дар навори Ғаззаро ба таври мустақим бомбаборон кард.

Барчасп