Октябр 12, 2023 16:37 Asia/Dushanbe
  • Гузориши хабарӣ - Охирин таҳаввулоти Ғазза

Қатъ шудани барқи Ғазза, ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Бен-Гурион,  мӯшакборони шаҳрҳои режими саҳюнистӣ, афзоиши шумори шуҳадо, истифодаи Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мӯшакҳои ҳидоятшаванда зидди артиши режими саҳюнистӣ, аз муҳимтарин таҳаввулоти Ғазза башумор меоянд.

Гурдонҳои Қисом (шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос) аз ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Бен-Гуриони режими саҳюнистӣ хабар дод ва эълом кард, ин иқдом дар вокуниш ба ҳадаф қарор додани ғайринизомиёни фаластинӣ аз сӯи ишғолгарони саҳюнистӣ аст.

Ба дунболи ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Бен-Гурион, чандин ҳавопаймо натавонистанд дар ин фурудгоҳ фурӯд оянд.

Неруҳои муқовимат дар даргирӣ бо низомиёни режими саҳюнистӣ дар наздикии исти бозрасии Нафақ дар Байтулаҳм (маркази Каронаи Бохтарии руди Урдун) як саҳюнистро захмӣ карданд.

Муқовимати исломии Лубнон дар посухе қотеъ ба таҷовузгарии режими саҳюнистӣ зиддимардуми Фаластин, мавзеи низомии ин режимро ҳадаф қарор доданд.

Муқовимати Фаластин дар мавҷи ҷадиди ҳамалот ба шаҳракҳои саҳюнистнишин, Асқалонро мушакборон кард.

Гурдонҳои Алқисом (шохаи низомии Ҳамос) шаҳри Ҳайфо дар арозии ишғолиро бо мӯшаки R160 ҳадаф қарор доданд.

Донишҷӯёни сурӣ ва ҳамчунин паноҳандагони фаластинии сокини Димишқ бо дар даст доштани парчами Фаластин, ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Ғаззаро маҳкӯм карданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо мӯшаки зиддизиреҳмавозеъи артиши режими саҳюнистӣ дар марзҳои шимолии Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор дод.

Неруҳои муқовимати Фаластин аз шанбеи ҳафтаи ҷорӣ амалиёти бузурге таҳти унвониТӯфони Алақсо”-ро оғоз карданд, ки то кунун ба ҳалокати беш аз ҳазор исроилӣ ва захмӣ шудани беш аз ду ҳазор нафари дигар мунҷар шудааст.

Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти шадиди режими саҳюнистӣ ба фаластиниёну қатъи об, барқ ва вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза танҳо нерӯгоҳи барқии ин Борика аз кор афтод.

Қатъии барқ дар Ғазза ба таваққуфи хадамоти диализ ва аз даст рафтани 1100 бемори кулиявӣ, аз ҷумла 38 кӯдак, ки ҳафтае 3 бор ба диализ ниёз доранд, анҷомид ва 100 навзоди зудрас дар бахшҳои кӯдакон низ бар асари қатъии барқ дар таъсисоти беҳдоштӣ дар маърази хатар қарор гирифтанд.

Режими саҳюнистӣ бо иқдоми ғайри инсонӣ тамоми гузаргоҳҳои Ғаззаро баст то муқовимати Фаластинро ногузир ба таваққуфи амалиёти диловаронаи «Тӯфони Ал Ақсо» кунад.

Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамалоти ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ба 1055 нафар хабар дод.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин шумори захмиҳои ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба ин борикаро ҳам 5184 нафар эълом кард.

 

Барчасп