Октябр 15, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза

Силсилаи ҳамалоти шадиди режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Борикаи Ғазза идома дорад.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, аз рӯзи шанбе (7 октябри 2023) амалиёти ҳамаҷониба ва беназире бо номи «Тӯфони Ал Ақсо»-ро аз Ғазза  зидди мавозеъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд.

Ба гузориши Русия ал Явм, ба дунболи ҳадаф қарор гирифтани манзили хонаводае дар Ҷаболё дар шимоли Борикаи Ғазза 9 нафар шаҳид ва беш аз 20 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, хонаеро ҳам дар хиёбони Ал Ҷало дар Борикаи Ғазза ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп