Октябр 17, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Мушакборони мавозиъи саҳюнистҳо аз суи гурдонҳои Алқисом
    Мушакборони мавозиъи саҳюнистҳо аз суи гурдонҳои Алқисом

Гардонҳои шаҳид Иззуддин Алқсом мавозиъи саҳюнистҳо дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар сарзаминҳои ишғолиро мушакборон кард.

Неруҳои муқовимати Фаластин дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо аз рузи шанбеи 7 октябри 2023 амалиёти ҳамаи ҷониба ва беназири бо ном Туфони алақсоро аз ғазза ҷануби Фаластин зиди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд.

Шикасти фоҷеъаибори саҳюнистҳо ҳалокати беш аз ҳазор саҳюнист ва аз даст додан бархе шаҳракҳо ва мақарҳои низомӣ боис шуд сарони ин режим дар рузҳои ахир борҳо ғайринизомиён ва мардум бегуноҳи Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва бо муҳосираи ин шаҳр ҷинояти ҷанги муртакиб шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон гурдонҳои шаҳид Иззуддини Алқисом  шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос дар посух ба ҷиноёти густардаи саҳюнистҳо зиди мардуми борикаи Ғазза маҳали таҷаммуъи артиши режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи низомӣ "Таслим" дар минтақаи нақб дар ҷануби сарзаминҳои ишғолиро ҳадафи ҳамлаи мушаки қарор дод.

Дар ин гузориш омада аст ҳамзамон бо мушакборони пойгоҳи низомии саҳюнистҳо аз суи гурдонҳои шаҳиди Иззуддини Қисом садои ожири хатар дар ин пойгоҳ ба садо даромад.

Дарҳамини ҳол кумитаҳои муқовимати миллӣ дар борӣкаи Ғазза эълом кард дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза мавзеи низомии "Ноҳели Уз"-и артиши режими саҳюнистӣ дар муҷовирати борикаи Ғаззаро бо гулулаҳои хумпораи ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳоли 11 руз аз оғози амалиёти Туфони алақсо ва ҷинояти режими саҳюнистии зидди фаластиниён мегузарад ки тозатарин омор нишон медиҳад токунун 2873 нафар дар Ғаззаи шаҳид ва ҳудуди 12 ҳазор нафари захмӣ шудаанд.

Барчасп