Октябр 17, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Илали таъвиқи ҷанги заминӣ алайҳи Ғазза

Режими саҳюнистӣ қарор буд аз рӯзи якшанбе ҷанги заминӣ алайҳи Ғаззаро оғоз кунад, аммо ин тасмим ба таъвиқ афтодааст.

Ҷумъаи гузашта, яъне дар ҳафтумин рӯзи ҷанги Ғазза, режими саҳюнистӣ эълом кард, ба сокинони шимоли Ғазза 24 соат муҳлат медиҳад то аз ин минтақа хориҷ шаванд ва пас аз он ҷанги заминиро оғоз хоҳад кард. Қарор буд ҷанги заминӣ аз рӯзи якшанбе оғоз шавад. Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» рӯзи гузашта ба нақл аз 3 мақоми аршади Исроил эълом кард, ки амалиёти заминии ин кишвар алайҳи Навори Ғазза ба таъвиқ афтодааст. Дар воқеъ, ин ҷанг мунтафӣ нашуда, балки ба таъвиқ афтодааст. Шиддати ҳамалоте, ки режими саҳюнистӣ дар 9 рӯзи гузашта анҷом дод ба ҳадде буд, ки тайи 9 рӯзи наздик ба 3 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 10 ҳазор нафар низ захмӣ шудаанд. Бинобар ин иллати таъвиқ ин нест, ки ҷанги заминӣ талафоти инсонӣ чандҳазор нафарӣ бар ҷой мегузорад, балки иллат дар мавзуоти дигаре аст.

Рӯзномаи Ню-Йорк таймс муддаӣ шуд, иллати таъвиқи ҷанги заминӣ, шароити номусоиди ҳавоӣ дар минтақа аст. Ин рӯзнома ба нақл аз мақомоти саҳюнист навишт, шароити ҳавоӣ барои паҳподҳо ва халабонони ҳавопаймоӣ, ки қарор буд аз ягонҳои заминӣ пуштибонӣ кунанд, мусоид набуд.

Бо ин вуҷӯд, иллати аслии таъвиқи ҷанги заминӣ ин мавзӯ, низ набуд. Яке аз илали аслии ҳузури шумори зиёде атбои хориҷӣ дар Ғазза буд, ки Амрико дар садад аст бо бозгушоии гузаргоҳи Рафаҳ, ин афрод аз Ғазза хориҷ шаванд.

Иллати муҳими дигар, пайомадҳое аст, ки ҷанги заминӣ барои режими саҳюнистӣ хоҳад дошт. Шурӯи ҷанги заминӣ ба манзалаи фарсоишӣ шудани ҷанг аст, ки акнӯн режими саҳюнистӣ омодагии онро надорад. Бинобар ин тардиде нест, ки бадтарин сенария ва тасмиме, ки режими саҳюнистӣ метавонад иттихоз кунад, вуруди заминӣ ба Ғазза ва даргир шудан дар як ҷанги фарсоишии чандмоҳаи пурталафот аст, ки қатъан аз тавони ҷуғрофиёӣ, сарзаминӣ ва роҳбурдии сарзамини кучаки таҳти кантроли Исроил хориҷ аст ва мухотирот ва чолишҳои бисёреро барои онҳо дар пай хоҳад дошт.

Илова бар ин, Ҳамос дар саросари Ғазза тунел ва камингоҳ эҷод карда ва зери замини Ғаззаро ба подгоне бузург ва муҷаҳҳаз табдил намуда, ки иҷозаи тасарруфи чанд рӯза ё чанд ҳафтаии онро ба Тел Авив нахоҳад дод.

 

Барчасп