Бин Салмон: Ҳадаф қарор додани ғайринизомиён қобили қабул нест
(last modified Fri, 20 Oct 2023 15:41:34 GMT )
Октябр 20, 2023 20:41 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон: Мо аз хушунате, ки дар Ғазза шоҳиди он будем, нороҳат ҳастем
    Бин Салмон: Мо аз хушунате, ки дар Ғазза шоҳиди он будем, нороҳат ҳастем

Валиаҳди Арабистони Саудӣ дар ифтитоҳияи нишасти сарони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс гуфт, ҳадаф қарор додани низомиёни фаластинӣ дар Ғазза ба ҳар баҳонае қобили қабул нест.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар ифтитоҳияи ин нишаст бо ишора ба таҳаввулоти Фаластини ишғолӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза гуфт: Мо аз дастёбӣ ба як роҳи ҳалли доимӣ барои масъалаи Фаластин ҳимоят мекунем.

Бин Салмон афзуд: Баҳои ташдиди хушунат дар Ғазза тавассути ғайринизомиён пардохт мешавад. Мо аз хушунате, ки дар Ғазза шоҳиди он будем, нороҳат ҳастем ва бар зарурати таваққуфи хушунат ва ҳимоят аз ғайринизомиён таъкид мекунем.

Валиаҳди Арабистон афзуд, амалиёти низомӣ дар Ғазза, ки бар зиндагии ғайринизомиёну зерсохтҳо таъсир мегузорад, бояд мутаваққиф шавад. Мо хостори роҳи ҳалле одилона барои эҷоди як кишвари мустақили фаластинӣ ҳастем, ба гунае, ки амнияту рифоҳ барои ҳама ҳосил шавад.