Беш аз 60 дарсад ҷамъияти Ғазза овора шудаанд
(last modified Sat, 21 Oct 2023 07:33:23 GMT )
Октябр 21, 2023 12:33 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 60 дарсад ҷамъияти Ғазза овора шудаанд

Яке аз ниҳодҳои Созмони Миллал дар баёнияе эълом кард беш аз 60 дарсади ҷамъияти Ғазза акнун овора шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари Ссозмони Милал барои умӯри ҳамоҳангиҳои инсонӣ эълом кард ҳудуди 1.4 милюн нафар дар Ғазза овора шудаанд ва беш аз 544 ҳазор нафар дар 147 паноҳгоҳи изтирории Созмони Миллал искон дода шудаанд.
Мутобиқи ин омор беш аз 60 дарсад аз ҷамъияти 2 миллион нафарии борикаи Ғазза акнун овораанд . Дафтари ҳамоҳангиҳои инсонии Созмони Миллал таъкид карда қатъи барқ ва манъи воридоти сӯхт ба Ғазза асароти мухаррибӣ рӯй низоми саломату дастрасӣ ба оби ошомидании солим хоҳад дошт.
Дар ин баёния тасреҳ шудааст : « Афзоиши масрафи об аз манобеи носолим эҳтимоли ибтило ба бемориҳои уфӯнӣ ва шуюъи онро боло мебарад. »
Пештар Ожонси паноҳндагони Созмони Миллал ҳам дар баёнияе дар бораи шароити вахим дар навори Ғазза ҳушдор дод ва эълом кард 12 нафар аз коркунони ин созмони таи 12 рӯзи гузашта ҷонашонро аз даст додаанд.
Баъд аз оғози амалиёти « тӯфони алқсо » тавассути Ҳамос , ки мунҷар ба кушта шудани ҳаддиақал 1800 саҳюнист ва захмӣ шудани 4400 нафар аз онҳо шуд, кабинаи режими ишғолгари Қудс дастури оғози ҳамалоти густарда ба навори Ғаззаро содир кард.
Йоав Галлант-вазири ҷанги Телвив бо дастури муҳосираи ҳамаҷониба алайҳи навори Ғазза вуруди ҳар гуна ғизо, дору, сӯхт, барқ ва ҳатто об ба ин минтақаро мамнӯъ кард.