Тазоҳуроти дубора алайҳи Натанёҳу дар Тел-Авив
Октябр 23, 2023 09:41 Asia/Dushanbe
Манобеи расонаӣ аз баргузории тазоҳурот алайҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив ва дархост барои озодии асирони ин режим дар Ғазза хабар доданд.
Дар пайи шикасти режими саҳюнистӣ дар муқобили муқовимати Фаластин, танаффури сокинони сарзаминҳои ишғолӣ нисбат ба Натанёҳу ва кабинаи ӯ бештар шудааст.
Ба гузориши ИРНА, расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, садҳо нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ асри имрӯз - якшанбе бо барпоии тазоҳуроте дар Тел-Авив алайҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими ишғолгар шиор сар доданд.
Муътаризон ҳамчунин хостори талоши кабинаи Натанёҳу барои озодии фаврии асирони режими саҳюнистӣ дар Ғазза шуданд.