Октябр 24, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • То ин лаҳза шумори шуҳадои Фаластин ба 5791 нафар расид, ки 2360 нафар аз онҳо кӯдак ва 1292 нафари дигар зан ҳастанд
    То ин лаҳза шумори шуҳадои Фаластин ба 5791 нафар расид, ки 2360 нафар аз онҳо кӯдак ва 1292 нафари дигар зан ҳастанд

Вазорати беҳдошти Фаластин бо ишора ба ҷинояту кушторҳои ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза эълом кард, танҳо дар чанд соати гузашта 704 нафар ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории “Шаҳоб”, кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ниёзи бемористонҳои шимоли Ғазза бисёр зиёд аст ва ин минтақа бо шароити ғайримумкине мувоҷеҳ аст.

Ин кумита афзуд, пизишкон дучори фурӯпошӣ шудаанду тимҳои пизишкӣ ниёз ба тақвият доранд.

Барномаи Ҷаҳонии Ғизо низ эълом кард, кумакҳое ки тайи рӯзҳои гузашта вориди Ғазза шуд, қатрае дар баробари дарёи ниёзҳои ин минтақа аст.

Ҳамчунин ба гузориши Вазорати беҳдошт дар Ғазза, режими саҳюнистӣ тайи соатҳои гузашта муртакиби 47 амалиёти куштор алайҳи хонаводаҳои фаластинӣ шуд, ки дар натиҷаи он 704 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ин вазоратхона ҳамчунин гуфт, омори шуҳадои фаластинӣ дар навори Ғазза то ин лаҳза ба 5791 нафар расид, ки 2360 нафар аз онҳо кӯдак ва 1292 нафари дигар зан ҳастанд.

Ҳимояти Ғарб аз Исроил ба баҳонаи дифоъ аз худ амалан чароғи сабз ва муҷаввизе барои режими саҳюнистӣ дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакону занони фаластинӣ аст.

 

Барчасп