Октябр 25, 2023 21:39 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамлаи режими ғосиби саҳюнистӣ ба Ғазза 6 ҳазору 500 нафар шаҳид шуданд
    Дар ҳамлаи режими ғосиби саҳюнистӣ ба Ғазза 6 ҳазору 500 нафар шаҳид шуданд

Вазорати беҳдошти давлати вобаста ба Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Ғазза аз афзоиши шуҳадои ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба 6 ҳазору 500 нафар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати беҳдошти давлати вобаста ба ҲАМОС дар Ғазза имрӯз (чаҳоршанбе) дар нуздаҳумин рӯзи таҷовузи ҳамаҷонибаи режими Исроил ба борикаи Ғазза аз афзоиши теъдоди шуҳадо ба 6 ҳазору 546 нафар хабар дод.

Дар иттилоияи Вазорати беҳдошти давлати вобастаи ҲАМОС омадааст, аз миёни шуҳадо 2704 нафар кӯдак ҳастанд, ҳамчунин 17439 нафар низ захмӣ шудаанд.

Вазорати беҳдошти Ғазза ҳамчунин эълом кард, артиши ишғолгари Қудс дар сооти гузашта иқдом ба 44 ҷиноят карда, ки 756 нафар низ шаҳид шудаанд, ки аз он миён 344 нафар кӯдак ҳастанд ва 1142 ғайринизомии дигар низ захмӣ шудаанд.

19 рӯз аз ҳамалоти режими ишғолгар ба Ғазза мегузарад, ҳамалоте ки бо амалиёти беназири “Тӯфони Алақсо” оғоз шуд ва размандагони Изуддин Алқасом тавонистанд вориди ҳаддиақал 10 шаҳраки саҳюнистнишин дар атрофи Ғазза шаванд, ки ин амалиёт ба эътирофи режими Исроил то кунун 1500 кушта дар пай доштааст. Ҳаддиақал 200 нафар низ ба асорати ҲАМОС даромадаанд.

 

Барчасп