Октябр 26, 2023 18:22 Asia/Dushanbe
  • То кунун 6 ҳазору 546 дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд
    То кунун 6 ҳазору 546 дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд

Расонаҳои фаластинӣ аз шаҳиду маҷруҳ шудани 126 фаластинӣ дар танҳо як ҳамлаи неруҳои мутаҷовизи режими саҳюнистӣ ба минтақае дар маркази шаҳри Ғазза хабар доданд.

Ба гузориши “Алҷазира”, Вазорати беҳдошти Ғазза чаҳоршанбешаб эълом кард, 26 шаҳрванди фаластинӣ дар ҳамлаи шадиди Исроил ба минтақаи Алярмук дар шаҳри Ғазза шаҳид шуданд.

Вазорати беҳдошти Ғазза ҳамчунин эълом кард, дар ин ҳамла беш аз 100 нафар низ захмӣ шуданд.

Артиши режими саҳюнистӣ, ки тавони муқобила бо размандагони муқовиматро надорад, аз ҳамон ибтидои амалиёт дар ҷинояте ошкор, иқдом ба бомбаборони бевақфаи манотиқи маскунӣ, бемористонҳо ва марокизи диниву мактабҳои Ғазза кардааст.

Тибқи охирин амори эъломии Вазорати беҳдошти Ғазза, таҷовузоти режими саҳюнистӣ то кунун мунҷар ба шаҳодати 6 ҳазору 546 нафар, аз ҷумла 2 ҳазору 704 кӯдак шудааст.

Ин вазоратхона ҳамчунин шумори маҷруҳон дар Ғаззаро 17 ҳазору 439 нафар эълом кардааст.

 

Барчасп