Октябр 29, 2023 09:39 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори шаҳидони фаластинӣ дар борикаи Ғазза

Ҳамзамон бо ҳамлаҳои шадиди режими саҳюнистӣ ба шимоли навори Ғазза, Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шаҳидони ин минтақа ба беш аз 8 ҳазор нафар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоби Фаластин, Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи якшанбе эълом кард, ниме аз шуҳадои Ғазза кӯдаку зан ҳастанд.Расонаҳои Фаластин эълом карданд, режими саҳюнистӣ бо истифода аз бомбаҳои фосфорӣ дар ҳоли бомбаборони шимоли навори Ғазза аст. Аз сӯи дигар Ҳилоли аҳмари Фаластин эълом кард, дар ҷараёни муқобилаи мусаллаҳона бо юриши саҳюнистҳо ба шаҳри Ҷанин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун як фаластинӣ ба шаҳодат расид ва 12 нафар маҷрӯҳ шуданд.  

 Ҷавонони фаластинӣ ва размндагони муқовимат барои ҷилавгирӣ аз пешравии низомиёни саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ бо онҳо дар манотиқи мухталиф аз ҷумла Байт римо, Тулкарм, Ҳазмо ва Тамун даргир шуданд.

 

Барчасп