Октябр 29, 2023 12:58 Asia/Dushanbe
  • Наслкушии ошкори фаластиниён дар Ғазза

Маҷмӯаи бемористони Шифо, бузургтарин маркази дармонии борикаи Ғазза, шоҳиди ҳаҷми густурда аз пайкари шаҳидон ва захмиҳои ҳамлаи ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии Ғазза аст.

 Ба гузориши хабаргузории Эронпрес, илова бар пур шудани зарфияти бемористони Шифои Ғазза, муҳаввата(ҳавли)и ин маркази дармонӣ ҳам бо барпоии чодар дар ҳоли хадамотрасонӣ ба хонаводаҳои доғдори фаластинӣ аст, ки аъзои хонаводаи худро дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз даст доданд ва думболи шиносоии шаҳидони худ ҳастанд.

Ҳаҷми густурдаи ҷасадҳои шаҳидони фаластинӣ дар муҳавватаи бемористони Шифои Ғазза, бахше аз ҷинояти густурдаи режими саҳюнистӣ буда ва нишонаи наслкушии ошкори фаластиниён дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

 Ҳамлаи ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскунии борикаи Ғазза вориди чаҳорумин ҳафтаи пайдарпаи худ шудааст ва то кунун бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин беш аз ҳашт ҳазор фаластинӣ шаҳид шуданд, ки ними аз онон кӯдакони бедфоъ ва мазлуми Фаластин ҳастанд.

 

Барчасп