Октябр 30, 2023 12:09 Asia/Dushanbe
  • тафсир- Шикоф дар сарзаминҳои ишғолӣ; Эътирофи Натанёҳу ба шикасти хадамоти амниятӣ

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар сомонаи Х баёнияеро пок кард, ки дар он хадамоти амниятиро масъули ончи ӯ ба унвони шикасти амнияти дар пешбинии ҳамлаи 7 октябр тавсиф кард, муттаҳам кард.

7 октябр дар таърихи режим ишғолгари Қудс ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Размндагони ал-Қассом, шохаи низоми Ҷунбиши муқовимати исломи Фаластин рӯзи 7 октябр Тӯфони ал-Ақсоро алайҳи саҳюнистҳо анҷом доданд ва бузургтарин шикасти таърихи 75 солаи ин режими қуллобиро ба он таҳмил карданд. Режими саҳюнистӣ, ки аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо ба шиддат асабонӣ ва саросема шуд, ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи алайҳи фаластиниҳоро оғоз кард, ки намунаи наслкушӣ аст.

 Режими саҳюнистӣ ва мақомоти он ҳам ба хотири Тӯфони ал-Ақсо ва ҳам ба далели наслкушӣ, ки дар Ғазза анҷом медиҳанд таҳти фишорҳои шадиди дохилӣ ва хориҷӣ қарор дорад. Натанёҳу, ки дар 26 соли ахир 16 сол нахуствазирии режими саҳюнистиро бар ӯҳда доштааст, акнун саъй дорад мақомоти иттилоотӣ ва амниятии режимро қурбони идомаи қудрати худ кунад. Агарчи Натанёҳу маҷбур шуд шарҳи худ дар бораи созмонҳои амниятии режими саҳюнистиро пок кунад, аммо ин матлаб нишон медиҳад, ки Натанёҳу аз таъсироти тӯфони ал-Ақсо бар сарнавишти сиёсии худ огоҳ аст.

Тӯфони ал-Ақсо ва шикасти бузурги иттилоотии режими саҳюнисти мӯҷиби коҳиши шикоф ва вогароии сиёсӣ дар даруни сарзаминҳои ишғолӣ нашуд, балки ин шикоф ва вогароӣ ба сурати пойдор идома дорад. Аз ин рӯ Бенни Гантс, узви давлати изтирори Исроил таъкид кард: Натанёҳу бояд иттиҳомоти худро дар бораи инки сарони ниҳодҳои иттилоотӣ масъули шикасти 7 октябр ҳастанд, пас бигирад.

 Сабаби аслии ин интиқодҳо аз изҳори назари Натанёҳу вобаста аз чанд омил аст.

 Аввал инки; Мунтақидон ҳам шикасти иттилоотии режими саҳюнистиро мепазиранд, аммо бар ин бовар ҳастанд, ки набояд созмонҳои амниятӣ ва иттилоотии режимро беш аз ин тазъиф кунанд. Дар воқеъ мунтақидон муътақид ҳастанд, ки интиқод ва изҳори назари ошкори нахуствазир аз ниҳодҳои амниятӣ  иқдоми наснҷида аст, ки рӯҳияи коркунони ин ниҳодҳоро низ тхриб мекунад, ки ин шикасти дучандон аст. Ёиир Лапед, раҳбари опозисиони Исроил дар вокуниш ба матлаби Натанёҳу дар бораи ниҳодҳои амниятӣ, онро талоше барои фирор аз масъулият унвон кард ва навишт: Талошҳои Натанёҳу барои фирор аз масъулият ва сарзаниши ниҳодҳои амниятӣ артишро заъиф мекунад.

 Дувум инки; Мунтақидон бар ин боваранд, ки Натанёҳу бо ин изҳори назар саъй дорад ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонд. Дар 11 моҳи гузашта тазоҳуроти пайдарпай ва бесобиқаи чандсадҳазорнафари алайҳи Натанёҳу дар сарзаминҳои ишғолӣ баргузор шуд, ки муҳиммтарин хостаи мӯътаризон низ истеъфои Натанёҳу аз нахуствазирӣ буд.

 Ин талабҳо дар пайи Туфони ал-Ақсо натанҳо мутаваққиф нашуда, балки афзоиш низ ёфтааст; зеро хонаводаҳои асирони саҳюнист ва бахши зиёде аз шаҳрвандон хостори поён додан ба куштори Ғазза ва талош барои озодии асирон ҳастанд, аммо кабинаи Натанёҳу иқдоми ҷиддӣ дар ин хусус анҷом надода ва ҳамчунон куштори ғайринизомён ба вежа кӯдакон ва занонро иҷро мекунад, то аз шиддати шикаст бикоҳд.

 Бо ин ҳол ба назар мерасад Натанёҳу ҳамчунон талош дорад дар қудрат боқӣ бимонд ва барои таъмини ин ҳадаф низ саъй мекунад масъулияти шикаст дар Тӯфони ал-Ақсоро напазирад. Ин рафтори Натанёҳу гӯёи ин аст, ки сарзаминҳои ишғолӣ ба маҳзи поёни ҷанги Ғазза шоҳиди шикофи сиёсӣ бештаре хоҳад буд.

 

  бештар бихонед:

Гузориш: Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ, ваҳшати саҳюнистҳо

 

Барчасп