Нуфузи тонкҳои режими саҳюнистӣ ба ҳошияи шаҳри Ғазза
Теъдоде аз тонкҳои режими саҳюнистӣ пас аз нуфуз ба як минтақаи ғайримаскунӣ, дар ҷануби шаҳри Ғазза, як худрави ғайринизомиро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, манобеи фаластинӣ зуҳри имрӯз (душанбе) аз нуфузи тонкҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби шаҳри Ғазза хабар доданд.
Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз хабарнигори худ дар арозии ишғолии Фаластин хабар дод, тонкҳои исроилӣ ба ҷодаи Салоҳуддин, дар ҷануби шаҳри Ғазза нуфуз кардаанд.
Ҷодаи Салоҳуддин 3 километр аз девори марзии Ғазза фосила дорад ва як минтақаи ғайримаскунӣ ва танҳо як замини кишоварзии холӣ аз сакана аст.
Манобеи маҳаллии Фаластин мегӯянд, неруҳои режими саҳюнистӣ дар талош барои қатъи меҳвари шимолии навори Ғазза аз меҳвари ҷанубӣ ҳастанд.
Лаҳазоте баъд пойгоҳи хабарии «Шаҳоб» гузориш дод, тонкҳои исроилӣ баъд аз 10 дақиқа ба самти шарқ ақибнишинӣ карданд.