Тафсир. Қатли амдии ғайринизомиёни Ғазза ҳамчунон ҳадафе осон барои Натанёҳу ва дору дастааш
(last modified 2023-10-30T13:04:19+00:00 )
Октябр 30, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба қатли оми фаластиниҳо идома медиҳад
    Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба қатли оми фаластиниҳо идома медиҳад

Дар 23-умин рӯз аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза чанд нукта қобили тавваҷуҳ ва тааммул аст: Нахуст ин ки ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ки аз се меҳвар оғоз шуд, бо шикаст мувоҷеҳ шудаву артиши ин режим натавонистааст ба пешравии худ идома диҳад.

Иттилооти дарёфтӣ ҳокӣ аз ин аст, ки артиши саҳюнистӣ мутаҳаммили талафоту хисороти шадид шудаву тибқи иттилооти дарёфтӣ фармондеҳи низомии яке аз хутути амалиётӣ низ дар камини неруҳои муқовимат гирифтор шуда ва ба асорат даромадааст.

Ин мавзуъ як бори дигар собит кард, ки бузургтарин пошнаи ошили режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза ҳамлаи заминӣ асту талафоти низомии онро афзоиш хоҳад дод.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки режими саҳюнистӣ аз ҳамон ибтидо ба нокомӣ дар амалиёти заминӣ воқиф буд, лизо авлавиятро дар беш аз 20 рӯзи гузашта ба ҳамалоти густарда алайҳи низомиён ихтисос дод то интиқоми шикасти худ дар баробари амалиёти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Алақсо” -ро аз ғайринизомиён бигирад.

Аз ин рӯ тайи се ҳафтаи гузашта куштори амдии фаластиниҳо ба ҳадафу авлавияти аввали ин режим табдил шуда ва дар натиҷаи ин ҳамалот, ки дар ҷараёни он муодили як бомбаи атомӣ муҳимот истифода шуда, беш аз 7 ҳазор ғайринизомӣ кушта шуд, наздик ба 20 ҳазор захмӣ ва беш аз як миллион овора барҷой гузошта ва ин дар ҳолест, ки ҳар лаҳза бар ҷамъи шуҳадову захмиҳо афзуда мешавад.

Ҳамчунин дар як иқдоми ҷинояткоронаи дигар ба далели мамониати Исроил аз вуруди сӯхт, мошинолоти сангин натавониста бамавқеъ оворбардорӣ кунад. Шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба қатли оми фаластиниҳо идома медиҳад ва дар ин росто бо ҳар гуна таҳаррук барои барқарории оташбаси башардӯстона муқобила мекунаду амалиёти заминии нокоми шаби гузаштаро дуруст замоне анҷом дод, ки ройзаниҳову миёнҷигариҳои Қатар дар бораи табодули усарои ғайринизомӣ ва ҳамчунин ирсоли мояҳтоҷи зарурӣ ҳамчун обу ғизову сӯхт ба Ғазза дар остонаи муваффақият буд ва дар воқеъ режими саҳюнистӣ бо оғози ин амалиёт ба амд талош кард ҷилави ин тавофуқро бигирад.

Нуктаи қобили тавваҷуҳу тааммул дар ин замина ин аст, давлати кунунии Натанёҳу ки аз ифротиюни саҳюнист ташкил шуда, бар хилофи давлатҳои пешини ин режим ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ҳифзи ҷони усарои худ анҷом намедиҳаду ҷудо аз ин ки теъдоде аз онҳоро дар ҷараёни ҳамалоти кӯри худ ба куштан додааст, балки акнун низ бо тааллул ва монеътарошӣ бар сари роҳи миёнҷигариҳои кунунӣ заминаро барои куштани онҳо фароҳам мекунад.

Ин режим ҷудо аз ин ки аз ибтидои ҷанги Ғазза ҳама усулу қавонини байналмилалӣ аз асосномаи Девони кайфарии байналмилалӣ гирифта то Конвенсияҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳатто қавонини ҷангро зери по гузошта, балки мусаввабаи Маҷмаи умумии Созмони Милалро, ки аз ҳимояти 120 кишвар бархурдор астро низ нодида гирифт ва на танҳо ҳеҷ иқдоме барои коҳиши вахомати авзои инсонӣ анҷом надод, балки дуруст баръакс бо оғози амалиёти заминӣ ва ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ бар шиддату густараи он афзуд ва дар айни ҳол бо қатъу нобудии интернет кӯшидааст аз инъикоси авзои Ғазза ҷилавгирӣ кунад ва худро аз интиқодҳои ҷаҳонӣ дур нигаҳ дорад.

Дар канори моҳияти нажодпарастонаву ҷинояткоронаи ҳоким бар давлати дастиростии Натанёҳу, яке дигар авомили муассир бар шиддату густараи ҷиноёти иртикобӣ аз сӯи давлати ӯ мавозки ҷонибдоронаи кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси он Амрико аз мавозеи режими саҳюнистӣ ва тафосири гумроҳкунандаи онҳо аз илали ҷанги Ғазза аст ва бар ҳамин асос бахше аз масъулияти ин ҷиноёт мутаваҷҷеҳи ин давлатҳост.

 

Барчасп