Интиқоди тунди Ардуғон аз нахуствазири режими саҳюнистӣ
(last modified Sun, 05 Nov 2023 05:19:50 GMT )
Ноябр 05, 2023 10:19 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди Ардуғон аз нахуствазири режими саҳюнистӣ

Раиси ҷумҳури Туркия куштори фаластиниҳо дар Ғазза тавассути Бинёмин Натанёҳуро бархилофи Таврот ва Инҷил донист.

Ба гузориши хабаргузории Анотолӣ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, "Аз ин пас Натанёҳуро мухотаб қарор нахоҳем дод ва ӯро аз зеҳнамон пок кардем."

 Ардуғон нахуствазири режими саҳюнистиро масъули аслии ҳамалот ба Ғазза хонд ва аз эътирозот ба иқдомоти ахири Натанёҳу дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ сухан ба миён овард.

 Раиси ҷумҳури Туркия бо ишора ба талоши нахуствазири Исроил барои баҳрабардорӣ аз истилоҳоти мазҳабӣ бо ҳадафи тавҷеҳи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза таъкид кард, иқдомоти Натанёҳуро на Инҷил, на Таврот ва на Забур тасдиқ мекунад.

 Ардуғон ҳамла ба марокизи дармонӣ дар Ғаззаро қадами барқасдона аз сӯи Натанёҳу донист ва гуфт, "Ҷомеъаи ҷаҳонӣ чашмони худро бар зулм баста ва ғайринизомиён, беморон ва навзодонро раҳо мекунад то бимиранд."

Режими саҳюнистии Исроил дар вокуниш ба амалиёти гурӯҳҳои муқовимати Фаластин мавсум ба Тӯфони ал-Ақсо, аз ҳафтуми октябр мардуми бедифоъи Ғаззаро ҳадафи шадидтарин бомбаборонҳо қарор додааст. Бинобар охирин гузоришҳо то кунун беш аз нӯҳ ҳазор нафар аз фаластиниҳо дар ин ҳамалот ба шаҳодат расидаанд.