Ноябр 05, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Шумори шуҳадои Ғазза ба 9770 нафар расид

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, шумори шуҳадои Фаластин аз 9700 убур кард.

Ашраф Ал Қудра,  сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи якшанбе эълом кард, тайи 24 соати гузашта, артиши режими саҳюнистӣ 243 фаластиниро ба шаҳодат расонд ва бад-ин тартиб шумори шуҳадои Фаластин аз ҳафтуми октябр токунун ба 9 ҳазору 770 нафар расидааст, ки аз ин теъдод чаҳор ҳазору 800 нафар кӯдак ҳастанд.

Вай гуфт, режими саҳюнистӣ аз 30 рӯзи гузашта дар ҳоли поксозии нажодӣ ва куштори мардуми Фаластин аст.

Бар асоси ин баёния, бемористонҳои Ғазза дигар қодир ба ироаи хадамоти пизишкӣ нестанд ва танҳо то чанд соати дигар бисёре аз онҳо имкони фаъолият хоҳанд дошт.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза аз тамоми тарафҳои зирабт хост гузаргоҳи амн барои ирсоли кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла сӯхт ба Навори Ғазза эҷод кунанд.

 

Барчасп