тафсир- Вокунишҳо ба таҳдиди атомии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза
(last modified Mon, 06 Nov 2023 06:54:38 GMT )
Ноябр 06, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • тафсир- Вокунишҳо ба таҳдиди атомии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза

Таҳдиди узви кабинаи режими саҳюнистӣ ба истифода аз бомбаи атомӣ алайҳи мардуми Ғазза бори дигар хуи дадманишона ва орӣ аз инсонияти ин режемро собит кард.

  Вазири мероси Исроил ва узви ҳизби Отси Яҳудият, Амиҳай Эляҳу 

  . хостори бомбаборони Ғазза бо бомбаи атомӣ шуд   

 Элияҳу бо ҳузур дар як барномаи телевизионӣ бо эътироф ба куштори мардуми Ғазза тавассути Исроил гуфт,ки ин 60 дарсади зарбаҳо алайҳи Ҳамос аст.Ӯ гуфт истифода аз бомбаи атомӣ яке аз роҳҳои зарба задани бештар ва шадидтар ба Ғазза аст.

 Пештар Муша Виглин-узви собиқи парлумони режими саҳюнистӣ низ хостор истифода аз бомби атомӣ алайҳи Ғазза шуда буд.

 Ӯ бо унвон кардани «интиқоми хашин» дар тветте навишта буд: «Мушаки Арихо! мушаки Арихо. Ҳушдори роҳбурдӣ. Қабл аз фикр кардан ба ворид кардан нируҳои заминӣ ба Ғазза. Силоҳи рӯзи қиёмат. Ин назари ман аст.»

 Мушаки Арихо, мушаки қитъапаймост, ки қобилияти ҳамли кулоҳаки атомӣ дорад ва бурди он ҳудуди 6500 километр аст.

Вазири кунунӣ ва узви собиқи парлумони режими саҳюнистӣ дар шароите Ғаззаро ба истифода аз бомбаи атомӣ таҳдид мекунанд, ки маҷмӯъи бомбаҳое, ки режими саҳюнистӣ тайи чаҳор ҳафта рӯйи Ғазза рехта ба андозаи қудрати ду бомбаи атомие аст, ки Амрико дар ҷанги ҷаҳонии дувум рӯйи шаҳрҳои Ҷопон рехтааст.

 То кунун наздик ба даҳ ҳазор нафар аз мардуми бедифоъи Ғазза зери бомбаборон шаҳид шудаанд, ки беш аз сеяки он фақат кӯдак ҳастанд. Ҳудуди 27 ҳазор нафар ҳам то кунун маҷрӯҳ шудаанд. Ин режим зимни ҳамлаҳои номутаносиб ва ҳамла ба ғайринизомиён аз силоҳҳои мамнуъае мисли бомбаҳои фосфорӣ ҳам истифода кардааст. Бо ин ҳол вазири саҳюнист мардуми Ғаззаро «нозӣ» меномад ва ҳатто мӯътақид аст, ки ҳамаи мардуми Ғазза дар ҷанг бо Исроил шарик ҳастанд. Изҳороти вазири кабинаи Исроил ба ҳадде тунд буд, ки Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири тундрав ва ҷаллоди саҳюнистӣ ҳам онро барнатофт ва билофосила бо вокуниш нишон додан ва таълиқи узвияти он дар кабина гуфт, суҳбатҳои ин вазири кабина ҷудо аз воқеият аст.

 Изҳороти вазири кабинаи Натанёҳу аз як су нишон дод, ки режими саҳюнистӣ салоҳияти дар ихтиёр доштани силоҳи ҳастаиро надорад ва имкони истифода аз он дар сурати мутаҳаммил шудани шикастҳои бештар ва шадидтарро дорад ва аз сӯи дигар ин режим ,ки намунаи боризи терроризми давлатӣ аст, ҳеҷ эътиқоде ба арзишҳои инсонӣ надорад. Дар ҳамин росто, вазорати хориҷаи Арабистони саудӣ зимни маҳкум кардани изҳороти ин вазири саҳюнист таъкид кард, ки барканор накардани ин вазир ва иктифо кардан ба таълиқи узвияти вай баёнгари бетаваҷҷӯҳии кабинаи режими саҳюнистӣ ба меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ аст.

 Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ва Ҳамос низ изҳороти вазири тундрави саҳюнист дар бораи эҳтимоли истифода аз бомбаи ҳастаӣ дар навори Ғаззаро маҳкум карда ва онро нишон аз терроризми ин режим алайҳи миллати Фаластин арзёбӣ карданд. Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ эълом кард: Исроил ба тадриҷ ончиро Элёҳу гуфт анҷом медиҳад.

 Ҷунбиши Ҳамос низ дар ин бора таъкид кард: Изҳороти яке аз вазирони режими ишғолгар дар бораи эҳтимоли партоби бомбаи ҳастаӣ ба Ғазза нишондиҳандаи терроризми давлатии Исроил алайҳи миллати мост.

 Нуктаи поёнӣ инки таҳдиди мардуми Ғазза ба истифода аз бомбаи атомӣ баёнгари нотавонии режими саҳюнистӣ дар пеш бурдани аҳдофи худ дар ҷанг алайҳи Ғазза аст.

 

бештар бихонед: