Ноябр 07, 2023 19:29 Asia/Dushanbe
  • 25 ҳазор нафар дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ маҷруҳ шудаанд
    25 ҳазор нафар дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ маҷруҳ шудаанд

Ожонси байналмилалии имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) эълом кард, ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза шаҳид мешавад.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) дар гузорише эълом кард, дар сояи бомбаборони бесобиқаву мустамари режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, ки аз ҳафтуми октябр оғоз шудааст ва то кунун идома дорад, ба таври миёнгин ҳар даҳ дақиқа як кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат мерасад ва ду кӯдаки дигар маҷруҳ мешаванд.

UNRWA дар ин гузориш бо ишора ба ин ки ҳифозат аз ғайринизомиён дар ҷараёни ин даргириҳо на як орзӯ ё як ҳадафи идеалӣ, балки як вазифаву тааҳҳуд дар қиболи башарият муштарак аст, бар зарурати ҳифозат аз ғайринизомиён дар ҳар куҷо ки ҳастанд, таъкид кард.

Гуфтанӣ аст, бар асоси баёнияҳои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябр то кунун 10 ҳазору 22 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд, ки 4104 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд.

Ҳамчунин 25 ҳазор нафар дар ҷараёни ҳамалоти мустамари режими саҳюнистӣ маҷруҳ шудаанд, ки ағлаби онҳо кӯдакон ҳастанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин 2350 мавриди нопадид шуданро низ сабт кардааст, ки наздик ба 1300 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.

 

Барчасп