Ноябр 08, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Натаняҳу таваққуфи 3 рӯзаи ҷангро рад кард

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дархости Байден барои таваққуфи серӯзаи ҷангро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дархости Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико барои таваққуфи серӯзаи ҷангро рад кард.

Пеш аз ин, пойгоҳи хабарии «Axios» гузориш дода буд, ки  Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико аз Бинямин Натаняҳу хостааст, ки ба манзури ҳалли мавзӯи усаро, даргириҳо ба муддати се рӯз мутаваққиф шавад.

Мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ ба «Axios» гуфтанд, Байден гуфта, таваққуфи серӯза метавонад ба озодии бархе аз гаравгонҳо дар Ғазза кумак кунад.

 

Барчасп