Тадовуми бомбаборони марокизи мухталифи Ғазза аз сӯи саҳюнистҳо
Режими саҳюнистӣ тамаркузи худро бар рӯи бомбаборони марокизи искон, бемористонҳо ва марокизи дармонии Борикаи Ғазза гузоштааст.
Ба гузориши хабаргузории фаластинии "Само", бо гузашти 33 рӯз аз ҷанги Ғазза, бомбафканҳои режими саҳюнистӣ имрӯз (чаҳоршанбе) ҳам иқдом ба бомбаборони манотиқи ҳамҷавори бемористонҳои Ал Шифо ва Индонезияи Ғазза карданд.

Отиф Ал Каҳлут, мудири бемористони Индонезияи Ғазза гуфт, бомбаборони манотиқи ҳамҷавори бемористонҳо тавассути бомбафканҳои режими саҳюнистӣ идома дораду барқи бемористонҳои Ал Шифо ва Индонезияи Ғазза ба далели тамом шудани сӯхт, то чанд соати оянда қатъ хоҳад шуд.
Бар пояи ин гузориш, бар асари бомбаборон як манзили маскӯнӣ тавассути саҳюнистҳо дар Хон Юнус 17 шаҳрванди фаластинӣ шаҳид ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар асари бомбаборон имрӯз (чаҳоршанбе) як манзили маскӯнӣ дар урдӯгоҳи Ал Насирот дар маркази Борикаи Ғазза низ шумори зиёди фаластинӣ шаҳид ё захмӣ шуданд, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва берун овардани аҷсоди боқимонда аз зери овор идома дорад.
Бомбафканҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин як манзили маскӯнӣ дар урдӯгоҳи Ҷаболёро бомбаборон карданд, ки токунӯн аҷсоди 9 шаҳид аз зери овор хориҷ шудааст.