Ноябр 08, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Гурдонҳои Қассом аз ҳадаф қарор додани тонкҳои артиши мутаҷовиз хабар доданд
    Гурдонҳои Қассом аз ҳадаф қарор додани тонкҳои артиши мутаҷовиз хабар доданд

Неруҳои фаластинӣ илова бар ҳамлаи мушакии густарда ба манотиқи ишғолӣ, монеи пешравии низомиёни мутаҷовиз дар меҳварҳои мухталифи борикаи Ғазза шуданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, гурдонҳои “Сароё Алқудс” гузориш дод, неруҳои фаластинӣ манотиқи ишғолшудаи Улмим ва Кафор азза дар Фаластини ишғолиро бо шиллики густардаи мушак ҳадаф қарор доданд.

Дар ин гузориш омадааст, размандагони фаластинӣ ҳамчунин монеи пешравии низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар меҳварҳои мухталиф, ба вижа ҷануби шарқи Ғазза шуданд.

Размандагони фаластинӣ дар меҳвари Телалҳаво бо аносири ишғолгари саҳюнистӣ даргир шудаву контроли хиёбони Иброро ба даст гирифта ва дар камини аносири артиши режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Неруҳои фаластинӣ ҳамчунин бо аносири саҳюнист дар шимоли ғарби борикаи Ғазза даргир шудаанд ва гурдонҳои Қассом аз ҳадаф қарор додани тонкҳои артиши мутаҷовиз дар майдони Аттавом хабар доданд.

 

Барчасп