Ноябр 08, 2023 20:20 Asia/Dushanbe
  • Дар 24 соати гузашта 144 кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд
    Дар 24 соати гузашта 144 кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд

Оморҳои расмии Фаластин аз шаҳодати 144 кӯдаки дигари фаластинӣ дар тӯли фақат 24 соат дар ҳамалоту бомбаборонҳои бевақфаи артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ хабар медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза баъд аз зуҳри ҳар рӯз омори шуҳадои ҳамалоту бомбаборонҳои артиши режими саҳюнистиро мунташир мекунад.

Сухангӯии Вазорати беҳдошти Фаластин баъд аз зуҳри дирӯз (сешанбе) дар омори худ аз афзоиши шумори шуҳадои ҳамалоти бераҳмонаи артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба 10 ҳазору 328 нафар хабар дода гуфта буд, ки 4237 нафар аз ин шаҳидон кӯдак ҳастанд.

Ин сухангӯ зуҳри як рӯзи қабл аз он (дар рӯзи душанбе) бо эъломи шумори шуҳадову захмиҳои бомбаборонҳои артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи навори Ғазза эълом карда буд, ки 4104 кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Нигоҳе ба оморҳои расмии рӯзҳои душанбе ва сешанбеи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза нишон медиҳад, ки фақат дар тӯли 24 соат, яъне аз зуҳри душанбе то зуҳри сешанбе 133 кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаи ҷинояткорони ҷангӣ ба ин минтақа ҷони худро аз даст додаву шаҳид шудаанд ва дар 24 соати гузашта низ 144 кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Неруҳои муқовимати Фаластин рӯзи шанбеи 15 меҳрмоҳ, баробар бо ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Алақсо” -ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи Тел-Авив оғоз карданду режими саҳюнистӣ барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Ҳимояти Ғарб аз режими Исроил ба баҳонаи дифоъ аз худ амалан чароғи сабзу муҷаввизе барои ин режим дар идомаи куштори бераҳмонаи кӯдакону занони фаластинӣ будааст.

 

Барчасп