Ҳамлаи мушакии Алқассом ба Тел-Авив
(last modified Fri, 10 Nov 2023 15:53:45 GMT )
Ноябр 10, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Талафоти низомиёни режими саҳюнистӣ то кунун ба 354 низомӣ расидааст
    Талафоти низомиёни режими саҳюнистӣ то кунун ба 354 низомӣ расидааст

Гурдонҳои Иззуддин Алқассом, шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос Тел-Авиви ишғолиро дар посух ба куштори ғайринизомиёни фаластинӣ дар борикаи Ғазза ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод.

Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, гурдонҳои Иззуддин Алқассом, шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо ҳамалоти мушакӣ ба Тел-Авиви ишғолӣ, ҷиноёти артиши режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин ва бомбаборони марокизи дармонии борикаи Ғаззаро посух дод.

Дар ин гузориш омадааст, ҳамалоти гурдонҳои Алқассом муҷиби ба садо даромадани занги хатар дар Тел-Авив, маркази сарзаминҳои ишғолӣ ва шаҳраки Ашдуд дар наздикии он шуд.

Расонаҳои саҳюнистӣ зимни ин иддао, ки чандин мушак дар осмони Тел-Авив раҳгирӣ шуд, эълом карданд, сомонаҳои «Фалохуни Довуд» барои раҳгирии мушакҳои шилликшуда фаъол шудааст.

Бо идомаи ҳамалоти ҷиноҳҳои муқовимат зиди шаҳракҳои ишғолӣ, расонаҳои саҳюнистӣ аз фаъол шудани ожири ҳушдори ҳамлаи мушакӣ дар бештари манотиқи марказии Фаластини ишғолӣ, аз ҷумла Ғушдону Ашдуд хабар доданд.

Соате пеш низ Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин таҷаммуи низомиёни артиши режими ишғолгари Қудсро дар наздикии таъсисоти Алъоси бо мушакҳои ҳидоятшаванда ҳадаф қарор дод.

Бар асари заработи мушакии Сароё Алқудсзанги хатар дар шаҳракҳои исроилии борикаи Ғазза барои чандин бор ба садо даромад.

Талафоти низомиёни режими саҳюнистӣ аз оғози даргириҳо бо ҷумбиши Ҳамос дар 7 октябр то кунун ба 354 низомӣ расидааст.