Ноябр 12, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ: Муборизони Ғазза, ояндаро рақам мезананд

Раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, қудрати муқовимат бештар аз қабл шуда ва муборизони Ғазза ояндаро рақам хоҳанд зад.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, Саидҳошим Сайфиддин, раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки ҳамчунон ба муъодилаи муқобила ба бо режими саҳюнистӣ пойбанд ҳастему муқовимат идома дорад, афзуд, силоҳ ҳамчунон дар дастони мост то бо душмани саҳюнистӣ мубориза кунем.

Сайфиддин изҳор кард, ончӣ дар Ғазза рух медиҳад, бар ин масъала таъкид дорад, ки наметавон бар ҳеҷ қудрате дар ҷаҳон такя кард, зеро мо бо душмане рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба ҳеҷ арзише пойбанд нест.

Вай бо ишора ба ин ки душмани саҳюнистӣ бо пӯшиши сиёсии Амрико, ба таҷовуз ва кушторҳои худ идома медиҳад то ҳама чиз дар Ғаззаро ҳадаф қарор диҳад, таъкид кард, амният бо силоҳ ва хуну қудрати мо сохта мешавад.

 

Барчасп