филм ; Шаҳодати 28 фаластинӣ дар Хон Юнус
Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як маҳаллаи маскунӣ дар шаҳри Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Ғаззаро бомбаборон карданд, ки мунҷар ба шаҳодати 28 фаластинӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Шаҳоби Фаластин, ҷангандаҳои режими саҳюнистб як масҷид дар урдугоҳи Алмағозӣ воқеъ дар марказа Ғазза ва атрофи бемористони Индонезия ва урдугоҳи Ҷиболиё дар шимоли Ғаззаро бомбаборон карданд.
Бар пояи ин гузориш, тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ манотиқе дар шарқи Ғаззаро ҳам ҳадафи ҳамалоти шадид қарор дод. Дар ин гузориш омадааст, дар ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба минтақаи Аззаҳро дар Ғазза Мидҳат Муҳсин- раиси бемористони Алвафо ва шумори дигар аз пизишкони бемористон шаҳид шуданд.
Бар асоси охирин омори эъломӣ аз сӯи дафтари расонаии Ғазза, шумори шуҳадои Ғазза аз оғози таҷовузи режими саҳюнистӣ (7 октябр ) ба ин борика то кунун ба беш аз 12 ҳазор нафар аз ҷумла 5 ҳазор кӯдак ва 3 ҳазору 300 зан расидааст ва беш аз 29 ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Бар асоси ин гузориш 3 ҳазору 750 нафар низ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар зери оворҳо нопадид шуданд.