Ноябр 19, 2023 11:21 Asia/Dushanbe

Ҳизбуллоҳи Лубнон шанбешаб бо интишори филмӣ лаҳзаи ҳамлаи ин гуруҳ ба низомиёни саҳюнист дар марз бо сарзаминҳои ишғолиро нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, ин филми нишонгари амалиёти Ҳизбуллоҳи зидди таҷаммуъи низомиёни саҳюнист дар шаҳраки Алминора дар наздики марзи ҷануби Лубнон бо сарзаминҳои ишғолӣ аст.

Ҳизбуллоҳ субҳи шанбе низ як паҳподи режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнонро сарнигун кард.

Ҳизбуллоҳи Лубнони 14 обон низ як паҳподи режими саҳюнистиро дар шимоли Фаластини ишғолӣ сарнигун карда буд.

Ҳизбуллоҳи Лубнони тайи рузҳои ахир ва дар пайи ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва ба хоку хун кашидани шумори зиёдӣ аз фаластиниҳо дар ин шаҳр мавозиъи низомии ин режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор дода мавзуеи ки сабаби тарси саҳюнистҳои шаҳрак нишин дар ин манотиқ шудааст.

Токунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои марзии Лубнони хориҷ шудаанд.

Барчасп