Ноябр 20, 2023 19:10 Asia/Dushanbe
  • 42 дарсади шуҳадои Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд
    42 дарсади шуҳадои Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд

Артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ дар идомаи ҷиноятҳо алайҳи Ғазза (18 ноябр) мадрасаи Алфохура, дар урдӯгоҳи Ҷиболиёро барои дуюмин бор бомбаборон кард, ки дар ин ҷиноят дастикам 200 нафар шаҳид шудаанд, ки ағлаби шуҳадо аз кӯдакон ҳастанд.

Мутобиқи ҳамаи гузоришҳое, ки талафоту осебҳои инсонӣ дар Ғазза мунташир мешавад, кӯдакон қурбониёни аслии ҷинояти режими ишғолгари Қудс ҳастанд.

Нигоҳе ба оморҳо ин мавзуъро собит мекунад. Беш аз 12 ҳазору 300 нафар дар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ шаҳид шудаанд, ки беш аз 5 ҳазору 100 кӯдак дар зумраи шуҳадо ҳастанд, яъне муодили 42 дарсади шуҳадои Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд. Беш аз 30 ҳазор нафар захмӣ шудаанд, ки 70 дарсади онҳо аз кӯдакону занон ҳастанд. 3750 нафар дар зумраи гумшудагон ҳастанд, ки 1800 нафар аз онҳоро кӯдак ташкил медиҳанд.

Ожонси имдоду корёбии Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ эълом кард, ба таври миёнгин ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза ҷони худро аз даст медиҳад ва 2 кӯдак ҳам маҷрӯҳ мешавад.

Илова бар ин, даҳҳо навзоди норас низ ба далели набуди сӯхт дар бемористонҳо бо марг рӯ ба рӯ ҳастанд.

Нуктаи дорои аҳамият ин аст, ки режими саҳюнистӣ огоҳона мадорисро дар Ғазза ҳадафи бомбаборон қарор медиҳад. Танҳо тайи камтар аз 24 соат 3 мадраса ҳадафи бомбаборон қарор гирифтаанд. Артиши режими саҳюнистӣ ҷумъашаби гузашта мадрасаи Алфаллоҳ дар ҷануби борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор дод. Рӯзи шанбе низ мадрасаи Алфаллоҳ дар шимоли Ғазза ҳадаф қарор гирифт, ки дастикам 200 шаҳид доштааст, ки шумори зиёде аз шуҳадо аз кӯдакон ҳастанд. Ҳамзамон бо мадрасаи АлФохура, мадрасаи Телалзаътар дар шимоли Ғазза низ бомбаборон шуд.

Ин рухдодҳо собит мекунад, режими саҳюнистӣ, ки аз ҳадаф қарор додани бемористонҳову марокизи дармонии Ғазза ба ҳадафи худ нарасид ва дар зери бемористонҳо хабаре аз асирони исроилӣ ва тунелҳои Ҳамос набуд, акнун мадорисро нӯки ҳамалоти худ қарор додааст.

Мавзӯи муҳими дигар ин аст, ки ҳамлаи амдӣ ба мадрасаи Алфохура дар урдӯгоҳи Ҷиболиё дар шароите анҷом шуд, ки ин мадраса вобаста ба Ожонси имдоду корёбии СММ барои оворагони фаластинӣ аст ва ин ожонс низ эълом кард, ки ба шакли рӯзона мадорису марокизи оворагонро ба иттилои артиши режими саҳюнистӣ мерасонад то аз ҳамалот масун бимонанд. Аннон Абуҳасана, сухангӯи Ожонси имдоду корёбии СММ барои оворагони фаластинӣ дар борикаи Ғазза ҳафтаи гузашта эълом кард, 50 мадрасаи вобаста ба ин ожонс бомбаборон шудаанд.

Илова бар ин ки кӯдакони фаластинӣ худ аз қурбониёни аслии ҷангу ҷинояти саҳюнистҳо ҳастанд, шумори зиёде аз кӯдаконе, ки зинда мондаанд, дар асари ин ҷанг волидайну аъзои хонаводаи худро аз даст медиҳанд. Шумори зиёде бо беморӣ мувоҷеҳ ҳастанду имкони дармон ба далоили мухталиф, аз ҷумла таътилии марокизи дармонӣ дар асари бомбаборон ва набуди сӯхт вуҷуд надорад. Бидуни тардид, ҳатто агар ҳамин ҳоло низ ҷанг алайҳи Ғазза хотима ёбад, боз ҳам шумори шуҳадои кӯдак афзоиши зиёде хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон сирфан назорагар аст ва ба далели ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико, Фаронса, Англия ва Олмон аз режими саҳюнистӣ амалан имкони иқдоме алайҳи саҳюнистҳо ва мутаваққиф кардани кӯдаккушӣ вуҷуд надорад.

 

Бештар бихонед:

Тафсир. Интиқоми шикасти “Тӯфони Алақсо” аз ғайринизомиёну кӯдакони фаластинӣ

Тамоми бемористонҳои Ғазза таътил шуданд

 

Барчасп