Ансоруллоҳ: Тавқифи киштии Исроил сароғози набарди дарё(баҳр)ӣ алайҳи саҳюнистҳо аст
(last modified Tue, 21 Nov 2023 06:47:12 GMT )
Ноябр 21, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Тавқифи киштии Исроил сароғози набарди дарё(баҳр)ӣ алайҳи саҳюнистҳо аст

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба тавқифи киштии режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх , ин иқдомро муқаддимае барои гомҳои баъдӣ алайҳи ин режим донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Яҳё Сареъ-сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе бо ишора ба инки неруҳои дарёии Яман амалиёти низомиро дар баҳри Сурх анҷом доданд, эълом кард:Яке аз натоиҷи ин амалиёт, тавқифи як киштии исроилӣ ва интиқоли он ба савоҳили Яман будааст.

Ба гузориши шабакаи ал-Арабӣ ал-ҷадид, Ҳизом Ал-асад-узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, тавқифи киштии исроилӣ дар баҳри Сурхро сароғози амалиёти дарёӣи оянда барои ҳадаф қарор додани қаиқҳо ва киштиҳои тиҷории Исроил донист.

 Аласад афзуд, рӯёрӯӣ бо Исроил таъсире бар раванди музокирот ва тафоҳумот дар парвандаи Яман бо Арабистон нахоҳад дошт.

 Узви ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт, тавқифи киштӣ тасмими миллати Яман аст, зеро мо рӯйкарди зиддиамрикоӣ ва исроилӣ дорем. Ин иқдом дар ростои сиёсатҳои мост. Ҳамоҳангии муштарак дар ростои меҳвари муқовимат вуҷуд дорад, аммо ин тасмим комилан яманӣ буд.

 Аласад тасреҳ кард: Мо омодаи ташкили нируи вежаи яманӣ барои мушорикат дар дифоъ аз сокинони Ғазза ҳастем. Кишварҳое, ки бо Фаластин марз доранд, агар иҷоза диҳанд, ҳазорон яманӣ ба онҷо раҳсипор хоҳанд шуд.