Ноябр 23, 2023 12:01 Asia/Dushanbe
  • Шумори шуҳадои Ғазза ба беш аз 14 ҳазор нафар расид
    Шумори шуҳадои Ғазза ба беш аз 14 ҳазор нафар расид

Шумори шуҳадои ношӣ аз ҳамалоти ваҳшиёна ва мустамари режими Исроил ба навори Ғазза дар чиҳилу ҳафтумин рӯз аз оғози ин ҷиноят ба 14 ҳазор ва 532 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши Ирно, дафтари иттилооти давлатӣ ва  Вазорати беҳдошти Ғазза бо эъломи ин хабар изофа кард, 6 ҳазор нафар аз ин шуҳадо кӯдак ва се ҳазор ва 920 нафар аз онҳо занон ҳастанд.

Ин дафтар ҳамчунин афзуд: Бар асари ҳамалот ва  бомбборони режими саҳюнистӣ то кунӯн беш аз ҳафт ҳазор нафар мафқуд шудаанд, ки беш аз чаҳор ҳазор ва 700 нафар аз онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд.

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос )у режими Исроил, саранҷом пас аз 45 рӯзи набард ва  даргирӣ бо оташбаси муваққати чаҳор рӯза мувофиқат карданд, ки 50 асири зану кӯдаки исроилии зери 19 сола дар муқобили 150 зану кӯдаки зери 19 солаи фаластинӣ бар асоси савобиқи асорати онҳо озод хоҳанд шуд. Теъдоди озодшудагон дар мароҳили баъдии иҷрои тавофуқ, афзоиш хоҳад ёфт.

Бар асоси ин тавофуқ, ҳамалоту парвози ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои режими исроилӣ тайи чаҳор рӯзи оташбас дар ҷанубу шимоли Ғазза низ ба муддати 6 соъат аз соъати 10 субҳ то 4 баъд аз зуҳр мутаваққиф хоҳад шуд ва  Тел-Авив мутаъаҳҳид шудааст, ки ба ҳеҷ фарде дар ҳамаи манотиқи навори Ғазза таъаррӯз ва ҳамла накунад ва  мардум  озодии убӯр аз шимоли Ғазза ба самти ҷануб дар имтидоди хиёбони Салоҳуддинро хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол,  Созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҷумла афви байналмиллал таъкид карданд, ки оташбаси чаҳор рӯза дар Ғазза « нокофӣ »аст .

Барчасп