Ноябр 28, 2023 11:28 Asia/Dushanbe
  • Озодии 33 зиндони фаластинӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Мақомоти режими саҳюнистӣ бомдоди сешанбе аз озодии 33 зиндони фаластинӣ дар чорчуби иҷрои марҳилаи чаҳорум тавофуқи табодули зиндониёни фаластинӣ бо асирони режими саҳюнистӣ хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, зиндониёни фаластинӣ озод шуда аз зиндони Уфер ба манзилҳои худ боз хоҳанд гашт.

 Пештар ҷунбиши Ҳамос эълом карда буд, ки дар чорчуби иҷрои марҳилаи чаҳоруми муомилаи табодули зиндониёни фаластинӣ бо асирони режими саҳюнистӣ, 3 зиндонии зан ва 30 зиндонии кӯдаки фаластинӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод хоҳанд шуд.

 Вазорати хориҷаи Қатар низ эълом кард, дар пайи иҷрои чаҳор марҳила аз тавофуқи мубодилаи асирон, Ҳамос 69 асири исроилӣ ва режими саҳюнистӣ низ 150 асири зан ва кӯдаки фаластиниро озод кардааст.

 Оташбаси чаҳоррӯзаи байни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши муқовамати Ҳамос дар навори Ғазза, ки аз бомдоди ҷумъа оғоз шудааст, барои 2 рӯзи дигар тамдид шуд.

 

Барчасп