Декабр 13, 2023 11:48 Asia/Dushanbe
  • Идораи мадании Ғазза: Ҳудӯди 8 ҳазор нафар дар Ғазза мафқуд шудаанд

Бар асоси омори идораи мадании Ғазза, ҳудӯди 8 ҳазор нафар дар пайи бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ дар ин борика мафқуд шудаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, дархостҳои зиёде барои кумак дарёфт мешаваду паноҳандагону оворагон дар мадорис ба далели камбуди имконот дучори чолиш ҳастанд ва бархе ҷони худро ба далели шуюъи бемориҳо аз даст медиҳанд.

Ин ниҳоди фаластинӣ таъкид кард, бо шурӯи фасли сармо, борону шуюи беморӣ дар теъдоде аз мадорис, ки оворагон дар онҷо ҷамъ мешуданд, омори талафот бар асари бемориҳо низ афзоиш ёфтааст.

Дифои мадании Ғазза афзуд, мо ба худравҳои имдодӣ ниёз дорем, ки бештари онҳоро ба далели ҳадаф қарор додани мустақими ишғолгарон дар бомбаборони Ғазза аз даст додаем.

Мудири тадорукот дар дифои мадании Ғазза низ таъкид кард, мо ба эҷоди бемористонҳои саҳроӣ ниёзи фаврӣ дорем.

Пеш аз ин низ Василий небензя, намояндаи доими Русия дар Созмони милал дар суханоне дар нишасти вижаи Маҷмаи умумии Созмони милал дар бораи Ғазза гуфта буд: «Пас аз ветои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал дар мавриди оташбас дар Ғазза, Иёлоти муттаҳида масъӯлияти марги ҳамаи афрод дар Ғаззаро бар ӯҳда дорад, зеро ба маънои воқеии калима ба Исроил муҷаввизи куштор додааст.»

Рӯзи гузашта ҳам, раиси бахши кӯдакони бемористони Камол Адвони Ғазза эълом кард, дар ин бемористон, об, ғизо ва сӯхт вуҷӯд надораду фаластиниёни ҳозир дар ин бемористон бо вазъияти душворе дасту панҷа нарм мекунанд.

Вай афзуд: «Ишғолгарон аз мудирият бемористон хостанд, ки захмиҳоро ба ҷое дигар мунтақил кунем. Ишғолгарон 70 то 100 нафар аз кадри пизишкӣ бо тахассусҳои мухталифро боздошт карданд. Онҳо ҳангоми юриш ба бемористон даст ба тирандозии кур заданд.»

 

Барчасп