Январ 01, 2017 18:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман

Дар ҳамалоти ҷангандаҳои саудӣ ба чанд вилояти Яман, шуморе аз шаҳрвандони яманӣ кушта ва захмӣ шуданд ва бархе таъсисоти зербиноии ин кишвар тахриб шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Яман (Сабо), дар ҳамалоти Арабистон ба манотиқи Зубоб ва Тови дар вилояти Таиз (ҷануби Яман) ду нафар кушта ва 7 тан захмӣ шуданд. Ҳоли бархе аз онҳо вахим гузориш шудааст.

Ду нафар ҳам дар ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ ба вилояти Маъриб (маркази Яман ) кушта шуданд.

Ҷангандаҳои саудӣ ҳамчунин манотиқи нуҳуми Васъафон дар Санъо, пойтахти Яман ва шабакаи мухобироти вилояти Золеъ (ҷануби ғарби Яман)-ро ба таври комил тахриб карданд.

 Хабарҳо ҳокист, ҳавопаймоҳои мутаҷовизи Арабистон ҳамчунин то зуҳри имрӯз (якшанбе) дар иртифои пойин дар осмони шаҳрҳои Яман ба парвоз даромаданд.

Ҳамалоти Арабистон ба Яман аз марти 2015 то кунун бо ҳадафи бозгардондани Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман ба қудрат оғоз шуд.

Идомаи таҷовузи низомии Арабистон ба Яман то кунун муҷиби куштори беш аз 10 ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо шаҳрванди Яман ва тахриби таъсисоти зербиноии ин кишвар шудааст.

 

Барчасп