Декабр 15, 2023 19:20 Asia/Dushanbe
  • Яман киштии режими саҳюнистиро дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод
    Яман киштии режими саҳюнистиро дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод

Неруҳои мусаллаҳи Яман панҷшанбешаб эълом кард, неруҳои ин кишвар як киштии дигари режими саҳюнистиро бо паҳпод мавриди ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши ИРНА, неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, неруи дарёӣ ба як киштии режими саҳюнистӣ ба номи Мирск Гибралтар, ки озими Исроил буд, ҳамла кард.

Неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, амалиёти паҳподӣ пас аз он рух дод, ки хадамаи ин киштӣ таваҷҷуҳе ба дархости неруи дарёии Яман накарданд.

Пеш аз ин Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, тавсия мекунем киштиҳо барои ҷилавгирӣ аз риск дар дарёи Сурх дастуроти неруи дарёии Яманро риоят кунанд.

Артиши Яман тайи ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии режими саҳюнистиро дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

 

Барчасп