филм / Тазоҳуроти зиддисаҳюнистии ҳомиёни Фаластин дар саросари Олмон
Ҳомиёни Фаластин аз миллатҳои мухталиф дар Олмон бо вуҷуди маҳдудияти полис дар идомаи ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза барои даҳумин ҳафтаи пайдарпай дар тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ ширкат карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳомиёни Фаластин дар Олмон бо вуҷуди ҳавои сард ҷумъашб ба хиёбонҳои Берлин омаданд ва бори дигар бо мардуми мазлуми Ғазза эъломи ҳамбстагӣ карданд ва ҳамчунин ҷиноятҳои режими саҳюнистиро дар борикаи Ғазза маҳкум карданд.
Ҳомиёни Фаластин дар ин тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ, парчамҳои Фаластинро ҳамроҳи худ доштанд ва шиорҳои «Исроил Ғаззаро бомбаборон мекунад ва Олмон ҳимояти молӣ мекунад», «зинда бод Ғазза ва Фаластин», «Ғаззаро озод кунед» ва «ба наслкушии фаластиниён дар Ғазза» поён диҳедро дар хиёбони марказии Берлин сар доданд.
Олмон ба ҳамроҳи Британия ва Амрико аз ҳомиёни сарсахти режими саҳюнистӣ ҳастанд ва аз ин режими кӯдаккуш ҳимояти сиёсӣ, молӣ ва таслиҳотӣ мекунанд.
Тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар Берлин ва дигар шаҳрҳои Олмон ҳамзамон бо оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 шурӯъ шуда аст.
Ҳомиёни Фаластин илова бар Олмон дар дигар кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Британия ҳам ҳар ҳафта ба хиёбон меоянд ва зидди режими саҳюнистӣ таҷаммӯъ ва тазоҳурот мекунанд.