Шумори шаҳидони Ғазза ба 18 ҳазору 800 нафар наздик шуд
(last modified Sat, 16 Dec 2023 07:15:29 GMT )
Декабр 16, 2023 12:15 Asia/Dushanbe
  • Шумори шаҳидони Ғазза ба 18 ҳазору 800 нафар наздик шуд

Бар асоси омори дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар навори Ғазза, шумори шаҳидони Ғазза аз оғози набарди Тӯфон ал-Ақсо дар ҳафтуми октябр ба 18800 нафар наздик шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар навори Ғазза ҳамчунин эълом кард то кунун 51000 нафар низ аз оғози набарди Тӯфони ал-Ақсо захмӣ шуданд.

 Шиддати ҳамалот ва бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза то бадон ҷост, ки дафни ҷасадҳои шаҳидон дар кӯчаву хиёбонҳои урдугоҳи Ҷиболиё дар шимоли навори Ғазза сурат мегирад.

 Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин рӯзи ҳафтуми октябри 2023 амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо»-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти гурӯҳҳои муқовимат, манотиқи маскунӣ, дармонӣ ва фарҳангии навори Ғаззаро бомбаборон кард, ки дар асари ин ҷинояти зиддиинсонӣ то кунун беш аз 18 ҳазору 780 шаҳрванди фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.