Ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ зидди низомиёни исроилӣ
(last modified Sat, 16 Dec 2023 12:16:45 GMT )
Декабр 16, 2023 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ зидди низомиёни исроилӣ

Манобеи расонаӣ аз исобати паҳподи Ҳизбуллоҳ зидди низомиёни режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, муқовимати исломии Лубнон гуруҳе аз низомиёни режими саҳюнистиро дар муҷовирати яке аз подгонҳои ин режим дар шимоли Фаластини ишғолӣ ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор дод.

Дар ин гузориш омадааст, муқовимати исломии Лубнон расман масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва эълом кард, бо як паҳподи интиҳорӣ маҳали таҷаммуъи гуруҳе аз низомиёни исроилиро ҳам дар муҷовирати подгони "Ромим" ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ин ҳамла талафоти қатъӣ ба дунбол доштааст.

Артиши режими саҳюнистӣ ва расонаҳои исроилӣ, то лаҳзаи интишори ин гузориш, ҷузъиёти бештаре дар бораи талафоти ношӣ аз ин ҳамла мунташир накардаанд.

Муҳаммад Афиф, мушовири расонаии Ҳизбуллоҳи Лубнон, гуфт, ки Ҳизбуллоҳ дар рӯёрӯӣ бо режими Исроил токунӯн фақат 5 дарсад тавони худро ба кор гирифтааст.

Муқовимати исломии Лубнон аз замони оғози амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» дар арозии ишғолии Фаластин дар таърихи 7 октябр, дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва неруҳои муқовимати Фаластин беш аз 500 амалиёт зидди мавозеъи артиши Исроил анҷом додааст.