Ҳамос : Кӯдаккушӣ, танҳо таҷрибаи интиқолёфта аз Амрико ба Исроил аст
(last modified Tue, 19 Dec 2023 05:55:15 GMT )
Декабр 19, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Кӯдаккушӣ, танҳо таҷрибаи интиқолёфта аз Амрико ба Исроил аст

Узви баландпояи ҷунбиши Ҳамос гуфт, танҳо таҷрибае, ки Амрико дар ихтиёри Исроил қарор додааст, куштори занон ва кӯдакон аст.

Ба гузоришии шабакаи Аламаёдин, Усома Ҳамдон аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос душанбешаб эълом кард, режими саҳюнистӣ дар Ҷиболиё ду куштор анҷом додааст, ки дар пайи он 110 нафар аз ҷумла 50 кӯдак ба шаҳодат расиданд.

 Ҳамдон бо ишора ба инки Тел-Авив дар талош аст коре кунад, ки Ғазза дигар макони муносибе барои зиндагӣ набошад, гуфт: Танҳо таҷрибае, ки Амрико дар ихтиёри Исроил қарор додааст, куштори занон ва кӯдакон аст.

 Узви баландпояи ҷунбиши Ҳамос эълом кард, Ғазза, мутаҷовизонро хоҳад балъид; ҳарчанд, ки режими саҳюнистӣ ҷиноёти худро бо кумак ва силоҳҳои Амрико густариш додааст.

 Ҳамдон бо ишора ба инки Тел-Авив тайи 73 рӯзи гузашта, тамоми бемористонҳои Ғаззаро вайрон кардааст, гуфт:Ҳадафи Исроил, тахриби Ғазза аст, то муҳоҷирати иҷборӣ аз он сурат гирад.

 Бо вуҷуди гузашти беш аз ҳафтод рӯз аз таҷовузи саҳюнистҳо ба Ғазза, вале ҳанӯз рӯъёи шикасти Ҳамос амалӣ нашудааст ва дар муқобил, низомиён исроилӣ талафоти зиёде доданд.

 Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, аз ибтидои амалиёти низомии ин режим дар навори Ғазза 704 низомӣ маҷрӯҳ шудаанд ва шароити 160 нафар аз низомиён вахим эълом шудааст.