Декабр 21, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори шуҳадои Ғазза ба 20 ҳазор нафар расид
    Афзоиши шумори шуҳадои Ғазза ба 20 ҳазор нафар расид

Дафтари иттилоърасонии ташкилоти худгардони Фаластин дар Навори Ғаззаи чаҳоршанбе шаб эълом кард, шумори шуҳадои Ғазза аз оғози ҷанг дар ҳафтуми октябри гузашта ба 20 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши Ирно, аз ин теъдод 8 ҳазор нафар кӯдак ва 6 ҳазору 200 тани дигар низ зан ҳастанд .

Барасоси гузориши ин дафтари итилоъи расонӣ, токунӯн 52 ҳазору 600 нафар низ дар ин ҷанги хунин захмӣ шуданд.

Нерӯҳои муқовимати Фаластин рӯзи шанбеи ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо ном « Тӯфони Алақсо »ро аз Ғазза ( ҷануби Фаластин ) зидди мавозиъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва  ҷуброни шикасти худ ва  таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Борикаи Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбборони ин минтақа аст.

Барчасп