Маълулияти 3 ҳазор низомии исроиилӣ дар ҷанги Ғазза
(last modified Sat, 23 Dec 2023 06:43:41 GMT )
Декабр 23, 2023 11:43 Asia/Dushanbe
  • Маълулияти  3 ҳазор низомии исроиилӣ дар ҷанги Ғазза

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, камаш 3 ҳазор низомии маҷрӯҳи ин режим аз оғози ҷанги Ғазза дучори маълулият(маъюбият) шуданд.

Неруҳои муқовимати Фаластин рӯзи шанбе ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи «Тӯфон ал-Ақсо»-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) зидди мавозеъи Тел-Авив оғоз карданд ва режими саҳюнистӣ барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳо ба вежа масҷидҳо ва марказҳои дармонии борикаи Ғаззаро бомбаборон мекунад.

 Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ан-нашра, артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки аз ибтидои амалиёти Тӯфони ал-Ақсо, 5 ҳазор низомии захмӣ вориди бемористонҳои ин режим шуда ва маълулияти 3 ҳазор нафар аз онҳо таъйид шудааст.

 Ба гуфтаи манобеъи хабаре аз ибтидои ҷанги Ғазза то кунун беш аз 10 ҳазор низомии саҳюнист захмӣ шудаанд, ки 131 нафар аз онҳо дар ҳини дармон ба ҳалокат расида ва вазъияти 471 нафар аз онҳо ҳам бисёр вахим гузориш шудааст.

 Рӯзномаи саҳюнистии Идиъут Оҳорунут низ навишт: Омори воқеӣ захмиҳои артиш, ки аз тариқи бемористонҳо мунташир мешавад, бисёр бештар аз оморҳои мунташиршуда тавассути артиш аст.