Ҷузъиёти CNN аз ҳамлаи барқасдонаи режими саҳюнистӣ ба ғайринизомиён дар борикаи Ғазза
(last modified 2023-12-23T08:46:54+00:00 )
Декабр 23, 2023 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти CNN аз ҳамлаи барқасдонаи режими саҳюнистӣ ба ғайринизомиён дар борикаи Ғазза

Таҳлили анҷомшуда тавассути шабакаи хабарии CNN нишон медиҳад режими саҳюнистӣ ба нуқоте дар борикаи Ғазза, ки ғайринизомиёнро ба фирор ба он манотиқ фаро хонда, ҳамла кардааст.

Шабакаи хабарии CNN гузориш дод, бар асоси таҳлили анҷомшуда тавассути ин расона, режими саҳюнистӣ камаш се нуқта дар борикаи Ғаззаро, ки баъд аз итмоми оташбаси 7 рӯза хостори фирори ғайринизомиҳо ба он манотиқ шуда буд, бомбаборон кардааст.

 Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ алайҳи мардум бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.

 Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023 амалиёти «тӯфони ал-Ақсо»-ро аз Ғазза алайҳи мавозеъи режими Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ (24 ноябр 2023) оташбаси муваққати чаҳоррӯза ё ҳамон вақфа барои табодули асирон миёни Ҳамос ва режими Исроил барқарор шуд.

 Ин танаффус дар ҷанг ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа (аввали декабри 2023) оташбаси муваққат ба поён расид ва режими Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз сар гирифт. Ин режим барои ҷавоб ба ҳамалоти «тӯфони ал-Ақсо» ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои борикаи Ғаззаро баста ва ҳамчунон ин минтақаро бомбаборон мекунад.

 Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи ҷумъаи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки аз 7 октябри 2023 то кунун 20 ҳазору 57 нафар дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расида ва 53 ҳазору 320 нафар захмӣ шудаанд.

 

 

Барчасп