Ҷанги Ғазза-монеъ аз таҳсили беш аз 600 ҳазор донишомӯзи фаластинӣ
Мақомоти Фаластини эълом карданд, бо идомаи ҷанги Ғазза таҳсили беш аз 600 ҳазор донишомӯз имконпазир нест.
Вайронии густурда дар Ғазза ба далели ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ паёмадҳои ногуворе барои фаластиниёни сокин дар ин борика доштааст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ ,бар асоси додаҳои омории Созмони Миллал, то кунун 352 мадраса муодили 70 дарсади мадориси Ғазза дар ҳамалоти артиши режими Исроил осеб дидаанд.
Низомиён режими саҳюнистӣ ба мадориси Каронаи бохтарӣ дар наздикии девори ҳоил низ ҳамла кардаанд ва ҷодаҳоро баста мекунанд.
Аз ҳудуди 22 ҳазор фаластинии шаҳиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза, беш аз 70 дарсади онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, Содиқ Алхадур-сухангӯи Вазорати омӯзиш ва парвариши Ғазза эълом кард : 625 ҳазор донишомӯз дар Ғазза аз замони оғози ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба ин борика аз ҳафтум октябр, тавоноии идомаи таҳсилро аз даст додаанд.
Сухангӯи Вазорати омӯзиш ва парвариши Ғазза гуфт : Ин мизон муодили тамоми донишомӯзоне аст, ки пеш аз ҷанг ба мадраса мерафтанд.
Содиқ Алхадур дар идома бо ишора ба омори донишомӯзони шаҳид, афзуд: Наздик ба 4 ҳазор донишомӯз дар пайи ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии душмани саҳюнист ба Ғазза шаҳид шудаанд ва 7 ҳазор тани дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Сухангӯи Вазорати омӯзиш ва парвариши Ғазза дар идома афзуд : 210 тан аз муаллимон ва коркунони бахши омӯзиш ва парвариш низ дар натиҷаи ҳамалоти Исроил шаҳид шудаанд.