Январ 06, 2024 09:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Абъоди ташдиди таниш дар кабинаи ҷангии режими саҳюнистӣ
    Таҳлил: Абъоди ташдиди таниш дар кабинаи ҷангии режими саҳюнистӣ

Манобеи расонаӣ дар арозии ишғоли гузориш додаанд ҷаласаи кабинаи ҷангии Бинямин Натаняҳу ба таниш кашида шуд ва бо доду фарёди вазирон бар сари ҳам поён ёфта аст.

Се моҳ аз ҷанги ҳамаҷонибаи режими ишғолгар Қудс зидди борикаи Ғазза мегузарад ҳануз мушаххас нест ин ҷанг чи замони хотима хоҳад ёфт. Музокироти оташбас ки бо миёнҷигарии Миср дар ҷараён буд низ бо террори Солеҳ Алъорури муовини раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос мутаваққиф шудааст.

Ин вазъият сабаби ташдиди танишҳо дар кабинаи Натаняҳу шудааст таниши пеш аз ин дар кабинаи Натаняҳу вуҷуд дошта ва миёни вузарои кабина ба хусуси Бенгуир вазири амнияти дохилӣ ва Голонт вазири ҷанг дар чанд навбати даргирии лафзи ба вуҷуд омад. Ҷанг Ғазза ин танишҳоро афзоиш дода аст зеро вузарои кабина ҳамдигарро ҳам дар хусуси амалиёти Туфони алақсо ва ҳам дар заминаи нокоми дар дастёби ба аҳдофи эълом шуда дар ҷанги Ғазза муттаҳам мекунанд.

Таниши ҷадид дар хусуси тасмими артиш барои таҳқиқ дар бораи ҳамлаи 7 октябр ба вуҷуд омадааст пеш аз ин расонаҳои исроилӣ гузориш дода буданд артиши ин режими тасмим гирифт тимиро маъмури таҳқиқ дар бораи ҳамлаи 7 октябр кунад.

Хабарнигори сомонаи Оксиюс ки ба манобеи исроилӣ ва амрикоӣ наздикаст гузориш дод ки ҷаласаи кабинаи сиёсӣ ва дифои Исроил баъд аз муноқишаи шадиди миёни чандини нафар аз вузаро ва Ҳартзи Ҳолуӣ  раиси ситоди муштараки артиш ба поён расида аст.

Як манба ба хабарнигор Оксиюс гуфт ки чандин нафар аз вузарои кабина ба далели ихтилофи назароте ки доштанд бар сари ин мавзу ба раиси ситоди муштараки артиши Исроил ҳамла карданд.

Идомаи ҷаласа ба даргирии лафзии миёни Бенгуир вазири амнияти дохилӣ ва Бангонтс узви кабинаи ҷанги мунҷар шудааст Гонтс аз иқдоми раиси ситоди артиш барои таҳқиқ дар бора ҳамлаи 7 октябр ҳимоят мекунад.

Илова бар ин мавзу Натаняҳу низ бо вазири ҷанги кабинаи худ таниш даигари дошт Натаняҳу ки баҳори соли 2023 Голонтро аз симати худ барканор кард ва дар идома маҷбур шуда буд вайро бори дигар ба симати худ бозгарданд ҳамчунон бо вазири ҷанги худ ихтилофҳои ҷаддӣ дорад.

Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ аз таниши лафзии байни Натаняҳу ва Голонт хабар дод. Тибқи ин гузориш баъд аз он ки Бинямин Натаняҳу аз ҳузури сарони мосад ва шини бут дар ҷаласаи шурои ҷангӣ ҷилавгири кард ҷидоли лафзии сахти байни у ва Юов Голонт дар гирифт .

Гуфта мешавад далели аслии мухолифати Натанёҳу бо ширкати сарони мосад ва шини бет дар ҷаласаи шӯрои ҷанг ин аст ки намехоҳад иттилооти дар ихтиёри вази6ри ҷанги кабина қарор гирад.

Дар ҳамин росто канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ низ бо эъломи хабари ҷидоли лафзии байни Натанёҳу ва Голонт хабар дод ки вазири ҷанг ба Натанёҳу гуфт ки дар ҳоли осебзадан ба амният Исроил аст.

Мавзуи севум низ барои ихтилоф дар кабинаи Натанёҳу вуҷуд дорад ки марбут ба ҳукмронии Ғаззаи пас аз поён ҷанг аст.

Нуктаи поёнии ин ки ин ихтилофҳо ва танишҳои мукаррар дар кабинаи Натанёҳу баёнгари ин аст ки асосан фарсоиши шудани таминкунанда манофеи Тел-Авив нест ва шикастҳои бештариро барои ин режим рақам мезанад.

Барчасп